ДУШАНБЕ, 24 мар – Sputnik. Cухангӯи ҳукумати толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид мегуяд, ки изҳороти мақомҳои амрикоӣ дар бораи теъдоди гуруҳи ДОИШ* дар Афғонистон воқеият надорад ва "ин гуруҳ ба маротиб аз қабл каму кубида" шудааст.
Пеш аз ин, Майкл Курило фармондеҳи қувваҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, гуфта буд, ки шохаи Хуросони гурӯҳи ДОИШ* то шаш моҳи оянда тавони анҷоми ҳамла ба манофеи Амрико ва кишварҳои ғарбиро хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раиси ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) генерал-полковник Анатолий Сидоров зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ ба 6500 нафар расидааст.
Ба гуфтаи оқои Сидоров, хатари аслӣ ба субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз гурӯҳҳои тундрави сершумор аст, ки дар Афғонистон мустақар шудаанд, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.
"Дар ҳоли ҳозир шумори бахши афғонии "Давлати исломӣ"* ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, ҳудуди 6,5 ҳазор ҷангҷӯро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор то 4 ҳазор нафар дар наздикиҳои марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мутамарказ шудаанд", - гуфт мавсуф.
Ба иттилоияи раиси ситоди муштараки СПАД, онҳо дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷойгир шудаанд.
Аммо мақомоти толибҳои ин иттилоъро қатъиян рад мекунанд. Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷии ҳукумати толибҳо мегӯяд, ки ДОИШ* дар Афғонистон вуҷуд надорад ва агар ҳодисае рух медиҳад аз хориҷ созмондиҳӣ мешавад.
* - созмони террористии мамнуъ дар қаламрави Русия