ДУШАНБЕ, 24 мар – Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талоше барои ҷанг бо Эрон ё низои дигар дар ин минтақаро надорад, гуфт сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар Ҷон Кирбӣ, иттилоъ додааст РИА "Новости".
"Мо дар ҷустуҷӯи ҷанг бо Эрон нестем. Мо дар пайи як даргирий мусаллаҳона бо ин кишвар (ё) ҷанги дигар дар минтақа нестем", - гуфт оқои Кирбӣ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиони CNN.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш артиши ИМА ба иншоотҳои низомии эрон дар қаламрави Сурия зарбаҳои ҳавоӣ зад.
Пентагон тавзеҳ дод, ки ин ҳамла як зарбаи ҷавобӣ буд, ин тасмим пас аз ҳамлаи паҳподӣ ба як пойгоҳи нерӯҳои эътилоф дар шимолу шарқи Сурия гирифта шудааст.
Ба гузориши сомонаи расмии Пентагон, барои зарба задан ба нерӯҳои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии вазири дифои ИМА Ллойд Остин аз номи раисиҷумҳур Ҷо Байден дастур додааст.
Эрон ва Русия аз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад пуштибонӣ мекунанд. Ҳоло дар Сурия ҳудуди 900 сарбози амрикоӣ мустақаранд.