Ҷанги ҷаҳонӣ “Маскав-23”-и худро пайдо кард

Воқеаи асосии дипломатии соли равон ин сафари Сӣ Ҷинпин ба ҳисоб меравад ки дар давоми се рӯз меҳмонии Владимр Путин буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik, Давид Нармания. Ҷузъиёти он,ки сарони чиниву русиягӣ дар кадом маврид ба мувофиқа расиданд,аллакай гарм муҳокима гардида истодааст.Ин баҳсҳо тӯлонӣ хоҳанд буд-ва нафақат дар Маскаву Пекин. Лекин имрӯз,чуноне,ки тасаввур дорем, паёмадҳои эҳтимолии ин ташриф боз ҳам мавзӯи ҷолибтаре барои муҳокима ҳастанд.
Яке аз донандагони амиқи Аврупову Осиё Лев Николаевич Гумилев ба илми русиягӣ мафҳуми“инсонҳои иродаашон тӯлонӣ”-ро ворид намудааст.
Аз оғоз, аз ҷавонони муғулиеро,ки маҷбур буданд тарки кулба намудаву аз қабилаашон алоҳида зиндагӣ мекарданд, соҳиби “иродаи тӯлонӣ” мегуфтанд. Эшон овораву саргардони дашту даман буданду бо қувваи бозу барои зиндагӣ мубориза мебурданд. Бо истифода аз қувва ва нафақат аз он, онҳоро лозим меомад, ки байни қабилаҳои бонуфуз муқобили ҷараён рафтаву чапғалат зада,пеш раванд.
Си Ҷинпин: Русияву Чин назарияи дӯстии абадиро пайравӣ мекунанд
Батадриҷ муттаҳид гашта,онҳо тавонистанд қувваи ҳаракаткунанда гарданду,салтанати бузургро барпо созанд. Аммо барои ин лозим омад, ки бо пешвоён сар ба сар занандубо урфу одатҳои кӯҳнаву шахшуда мубориза баранд.
То як андоза дар Маскав дар ин ҳафта ду инсони соҳиби “иродаи тӯлонӣ” вохӯрданд:ҳам Русия ва ҳам Чин аллакай ҳозир бо нуқтаи назари шаклгирифтаи алтернативиашон бобати чӣ гуна будани тартиботи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо “тартиботи аз қоидаҳо асосгирифта”сар ба саранд. Чунин қадамҳо,табиист,ки“аъёну ашрофи”ҳозира-ИМА ва иттифоқчиёни Аврупоии онҳоро норозӣ месозад.
Чӣ корҳое накарданд, то бо кӯшишҳояшон ба ин мулоқот халал расонанду сипас бо ягон роҳ ин ташрифро дар рӯзномаи хабарҳо аққалан каме бошад ҳам танг созанд.
Аввал президенти Русияро ба дуздии кӯдакон айбдор сохтанд,ҳарчанд дар амал кӯдакон фақат аз зери борони тир берун оварда шуданд.Чӣ илоҷ, ин ҳама барои оро додани хабарҳои дуруғин дар бораи ҷиноятҳои ҷангии аскарони русиягӣ ҳатто додгоҳи байналмилаии ҷиноӣ дар ин маврид дасташро ба оби хунук назад.
Дар умум,меъморони ҷанг дар Югославия,Ироқ,Лубнон, Сурия (ин рӯйихатро давом додан мумкин) ҳеҷ касробарои ба таври зарурӣ инсондӯст набудан айбдор карда наметавонанд. Ҷое ки Русия мекӯшад кӯдаконро наҷот диҳад, Ғарб сокит онҳоро мегузошт,то бимиранд.
Додугирифт бо юан ва рубл: изҳороти Путин дар мулоқот бо Си Ҷинпин
Хулласи калом,қарори суди партовӣ ба мулоқоти Сӣ Ҷинпин монеа пеш оварда натавонист,воқеан-на Русияву Чин ва ҳатто на худи Амрико ин судро эътироф намекунанд.
Он гоҳ ҷуръати боз як рафтори булъаҷаб намуданд-сарвазири Ҷопон Фумио Кисида ба Киев сафари эълонношуда дошт. Ин кӯшиши ба мувозинат гузоштани як меҳмони шарқӣ ба дигараш беисбот,лекин инро ҳам фаҳмидан мумкин:ин сафар зангест ба Пекин, ки зери биқинаш боз як думбардори амрикоӣ ҳаст.
Ва билохир,хишти охир дар ин девори кӯшишҳои садгузорӣ ба мулоқот изҳороти ҷонишини вазири дифои Бритониё баронхонум Аннабель Голди дар бораи ба Украина фиристодани тири тӯпҳои бо урани тиҳишуда омодашуда, ин ҷавоби рост ба ташабуси сулҳдӯстонаи Чин ва ин иловаи ин хонума буд ба суханони Кохи сафед дар бораи қобили қабул набудани даъватҳо ба сулҳ дар натиҷаи мулоқоти Маскав. Бо ибораи дигар,Ғарб ошкоро иқрор шуд,ки ҷангро мехоҳад.
Лекин,аз ҳама лаҳзаи хандаовар ин кӯшиши ҳукумати Киев барои занг задан ба Сӣ Ҷинпин буд. Эҳтимол, якчанд рӯз дар қароргоҳи Зеленский, ба қавле-дар хати алоқа менишастанду гӯш ба гудоки телефон медоданд, ҳатто ба хоҷагони амрикоиашон шикоят намуданд, ки ба ин масъала бо ягон роҳ дахолат намоянд. Ҳоло ҳамааш бенатиҷа. Ҳамаи ин садгузорӣ ба мулоқоте буд,ки онро сарвари Чин дуруст тасвир намуд:”Имрӯз тағйиротҳое рух дода истодаанд, ки тӯли 100 соли охир набуданд. Вақте якҷоя ҳастем, метавонем дигаргуниҳоро ба амал орем”.
Путин: Сафари Си Ҷинпин фурсатест барои дидори дӯсти дерина
“Москва-23”-ин,моҳиятан,Конфронси Теҳронии навест, ки аллакай тарҳи сохтори ҷаҳонро барои баъди низоъҳо тасвир месозад.
Ва ин ҷо сухан сари режими Киев не,балки гап дар бораи чизи муҳимтар-дар бораи муқовимат бо Ғарб меравад. Ва минбаъд ҳайати иштирокдорони ин муқовимат бештар мегардад.
Бале, то ғалаба ҳоло роҳи дуру дароз дар пеш аст,охир бо Украина ҳама тамомо намешавад.Эҳтимолияти он зиёд аст, ки ИМА ва иттифоқчиёни онҳо мекӯшанд натиҷаҳоро тағъйир диҳандуаз алами шикасташон низои наверо оғоз бахшанд:дар тамоми сайёраи замин нуқтаҳои эҳтимолии даргир кам нестанд.
Лекин муаммоҳои посбонҳои ҷаҳони кӯҳан аллакай ба чашм мерасанд-ин ҳам дар Украина бо Русия муқовимат карда натавонистани блоки НАТО,ҳам душвориҳои иқтисодӣ, ки аз амиқтар шудани бӯҳрон хушдор медиҳанд, ҳам норизогиҳои сокинон дар дохили кишварҳои алоҳидаи Ғарб.
Нақшаи Ғарб дар нуктаи асосӣ барбод рафт:ягон хел бӯҳрони иқтисодӣ (ҷанги сони радду барқ тез) натавонист Русияро ба зону шинонад, нашуд, ки нашуд. Ва рушди ҳамкориҳо бо Чин тасдиқи равшани ин аст.
Ҷинпин: тақвият ва густариши равобит бо Русия, интихоби стратегии Чин аст
Ҷаҳони кӯҳан аз беадолатиҳои худ мурда истодааст.Солиёни зиёд Ғарб худ зулму истибдодро паҳн менамуду аз пайрави арзишҳои демократӣ буданиаш ҷор мезад.Ин ҷо ғояҳоро ба савдо мезад,бар ивази ин ғояҳо бошад озодии ҳақиқиро додан лозим меомад. Аз паси ин озодӣ ҳар чизе, ки ба Ғарб лозим буд,аз он маҳрум мешуданд.Онҳоеро, ки ба чунин муомилот розӣ набуданд, бомбаборони НАТО интизор буд.
Барои ҷаҳони нав ҳоло мубориза бурдан лозим меояд ва ин мубориза осон нахоҳад буд. Ва хатто баъди пойдор намудани он нафақат ба қувва умед бастан лозим. Бо маҳорати доштани мувозинат ба риояи манфиатҳо бояд такя намоем, то дар чаҳон тартибот боадолатона бошад. Танҳо бо ҳамин роҳ устувории ҷаҳони таъмини намуда метавонем.
Аммо барои ҳамин ҳам“ирода тӯлонист”, ки аз майдонталабиву ситезаҷӯӣ бим набошад