Паёми Карзай: Толибҳо ҳаққи таҳсил ва кори духтарону занони афғонро таъмин кунанд

Раисҷумҳури пешини Афғонистон дар паёми наврӯзии худ аз ҳукумати толибҳо хост дарҳои мадорис ва донишгоҳҳоро ба рӯи духтарон боз намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар паёми наврӯзиаш бори дигар аз толибҳо хост ҳаққи занону духтаронро барои кору таҳсил таъмин намояд.
Оқои Карзай дар паёми табрикиаш ба муносибати иди Саиди Наврӯз изҳори умедворӣ кард, ки ҳукумати Афғонистон бо тавваҷуҳ ба аҳамияти бунёдӣ омӯзиш дар рифоҳ, тараққӣ ва худбасандагии кишвар, дарҳои мадорис ва донишгоҳҳоро ба рӯй духтарон боз кунад.
Вай ҳамчунин таъмини ҳақи корро барои занони афғон хостор шуд.
Раисҷумҳурии асбақи Афғонистон бо таъкид бар лузуми оғоз ҳар чоҳ сареътар гуфтугӯҳои миллӣ изҳор кард: гуфтугӯии миллӣ дар тақвият ҳарчӣ бештари иттифоқи миллӣ ва таъмини сулҳи пойдор дар Афғонистон, асаргузор аст.
КҲФ паёмади заминҷунбии шадиди Афғонистон, ки Тоҷикистонро ларзонд шарҳ дод
Ёдоварӣ мекунем, ки Амрико дар як муомилаи пинҳонӣ ва бо ҳамкории фиристодаи вижааш барои Афғонистон, ин кишварро дубора ба гурӯҳи толибҳо бо ҷангафзорҳои ба арзиш беш аз ҳафт миллиард доллар таҳвили ин гурӯҳ тундрав намуд.
Аз рӯзи омадани толибҳо ба сари қудрат дар Афғонистон то токунун беш аз панҷ миллион нафар ин кишварро тарк намуда ва иқтисоди ин кишвари фурӯпошидааст.
Беш аз навад дарсади мардуми ин кишвар дар зери хати фақр зиндагӣ мекунанд ва бонувон аз омӯзишу кор маҳрум шудаанд.