Ҷашнвораи "Наврӯзи Душанбе-2023" бо меҳмонон аз Русияву Белорус баргузор шуд

Меҳмонон аз саҳми назарраси Тоҷикистон барои ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз гуфтанд ва зебогии пойтахти тоҷиконро дар ин рӯзҳо, махсусан қайд карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии "Наврўзи Душанбе-2023" баргузор гардид.
Дар фестивал намояндаи дастгоҳи президенти Тоҷикистон, намояндагони бародаршаҳрҳо ва ташкилотҳои аъзо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими пойтахт, роҳбарияти вазорату кумитаҳо ширкат карданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, Ҷашнвораро муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода оғоз намуда, мушовири президенти Ҷумҳурии дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода иштирокдорон ва меҳмононро бо фарорасии Наврӯз муборакбод гуфт.
Ҳамчунин, раиси шаҳри Бокуи Озарбойҷон Элдар Азизов, муовини раиси ҳукумати шаҳри Минск Надежда Анатолевна низ сухан гуфтаанд.
Аҳмадзода ба сокинон аз анъанаҳои асосии Наврӯз ёдовар шуд
Муовини раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии шаҳри Санкт-Петербург Арби Абубакров дар навбати худ, саҳми назарраси Тоҷикистонро дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз баланд арзёбӣ намудааст.
Ӯ гуфтааст, ки Душанбе ба шаҳри сайёҳӣ ва макони писандидаи онҳо табдил ёфтааст.
Дар баробари ин дар Ҷашнвораи мазкур, паёмҳои табрикии видеоии раиси шаҳри Синдаои Чин Чжао Хаочзи ва муовини дабири кулли Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) Ли Баочун пешниҳод гардиданд.
Наврӯз 2023: таърих ва анъанаҳои ҷашни қадимӣ
Идомаи Ҷашнвораи "Наврўзи Душанбе-2023" дар "Боғи Ирам"-и пойтахт доир мегардад.