ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокинонро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик гуфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.
Дар паёми ӯ ба шаҳрвандон гуфта мешавад, ки "ба ҳама саломатӣ, хушбахтӣ, комёбӣ, ободӣ ва фаровонӣ дар дастархони мардум ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон шукуфоӣ орзумандам".
Ӯ ёдовар шуд, ки Наврӯз ҳамчун як падидаи фарҳангӣ дар сарнавишти мардуми тоҷик ҷойгоҳи хосаеро ишғол мекунад.
Ид таҷассумгари дӯстиву ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ мебошад.
Вай афзуд, ки яке аз муҳимтарин суннатҳои Наврӯз бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар, дастгирии ятимону маъюбон, аёдати волидон, беморон, кумак ба хонаводаҳои камбизоат ва ниёзманд мебошад.
Аҳмадзода деҳқононро даъват кард, ки ҳар як рӯзи муборакро барои кишти баҳорӣ самаранок истифода баранд.
Имсол мувофиқи ҷадвали астрономӣ 21 март соати 02:30 дақиқаи Замин ҳангоми дар атрофи Офтоб ҳаракат карданаш аз баробарии шабурӯзии баҳорӣ гузашт.
Барои тоҷикон ин айёми Наврӯз аст. Ба муносибати ин ид дар кишвар рӯзи истироҳат то 26 март эълон шудааст.