ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Ахиран раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кориаш ба ноҳияи Ҷайҳун аз пистабоғи мавзеи "Озодӣ"-и ҷамоати Дӯстӣ боздид кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Таъкид шудааст, ки бо талошҳои соҳибкори муввафақ Саидмурод Давлатов дар ноҳияи Ҷайҳун дар 40 гектар пистаи туркии навъи "Узун Антеп" ва дар 20 гектар боғи бодом бунёд шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз соҳибкорӣ ватанӣ изҳори сипос намуд ва таъкид дошт, ки дар ҳалли мушкилоти ин мавзеъ кӯмаку дастгирии хешро дареғ намедорад.
“Аз ишораи мутахассисони соҳа аз ин намуди дарахти писта дар давлати Туркиё то 40-50 кг писта ба даст меоранд. Акнун ин намуд пистабоғ низ дар ноҳияи Ҷайҳун ба ҳосил омада истодааст ва зина ба зина ҳосилнокии он баланд бардошта мешавад”, - хабар додааст манбаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ин пистабоғ мутахассисон ҳамзамон ба пайванд ва парвариши ин намуди писта машғул ҳастанд, ки айни замон садҳо ниҳолакони нави писта парвариш кардаанд, ки хоҳишмандон метавонанд дар бунёди боғ истифода баранд.