ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Чин ва Русия консепсияи дӯстии абадӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро пайравӣ мекунанд, гуфтааст раҳбари Чин Си Ҷинпин дар мақолаи худ, ки дар РИА “Новости” ва “Российская газета” нашр шудааст.
Раҳбари Чин қайд кардааст, ки муносибатҳои дутарафа ба принсипҳои ҳамроҳ нашудан, муқкобилият накардан ва роҳ надодан ба муқобилияти тарафҳои сеюм асос ёфтаанд.
Ҳар ду кишвар як дигарро дар роҳи тараққиёт аз рӯи воқеиятҳои миллӣ ва пешравӣ дастгирӣ мекунанд.
Муносибатҳои устувори дуҷониба пайваста нерӯи нав пайдо кардааст. Ҳамчунин нишонаи шакли нави муносибатҳои байнидавлатӣ ин эҳтироми ҳамдигар, ҳамзистии осоишта ва ҳамкории судманд хос мебошад.
Ёдоварӣ мекунем, ки ахиран раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо як сафари расмӣ вориди пойтахти Русия шуд.
Сафари сиёсатмадори чинӣ се рӯз - аз 20 то 22 март идома хоҳад кард.
Ба гуфтаи котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков, дар рӯзи аввал Си Ҷинпин ва Владимир Путин дар як зиёфати ғайрирасмӣ ба ҳам гуфтугӯ мекунанд ва рӯзи дигар музокиротро оғоз мекунанд.
Баррасии дуҷонибаи рушди ҳамкориҳои стратегии кишварҳо ва имзои як қатор санадҳо дар назар аст. Пас аз мулоқот сиёсатмадорон ба намояндагони ВАО изҳорот хоҳанд дод.