Раҳбари Чин мавқеъашро дар бораи буҳрони Украина баён кард

Раҳбари Чин ахиран дар мақолаи худ навиштааст, ки гуфт кишвараш барои ҳалли буҳрони Украина бо роҳи сулҳҷӯёна ва музокирот фаъолона саъю талош дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Раҳбари Чин дар мақолааш, ки дар нашрияҳои Русия РИА "Новости" ва "Российской газеты" чоп шудааст, навиштааст мавқеъи Чин дар масъалаи буҳрони Украина равшану аён аст.
Вай навиштааст, ки аз авоили соли гузашта буҳрони Украина ба таври ҷиддӣ шиддат гирифтааст.
Чин дар асоси моҳияти воқеъаҳои рухдода, ҳамеша мавқеъи айён ва беғаразонаро дунбол мекунад ва барои ҳалли буҳрон бо роҳи сулҳҷӯёна ва музокироти сулҳфаъолона саъю талош дорад.
“Маҷмуи дидгоҳҳое, ки ман баён кардам, ҳамчун ба назарияи бунёдии Чин дар ҳалли масъалаи Украина хидмат мекунанд. Ин, аз ҷумла, дар бораи зарурати риояи ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, эҳтиром кардани нигарониҳои оқилонаи ҳамаи давлатҳо дар соҳаи амният, дастгирии ҳама талошҳо барои ҳалли осоиштаи бӯҳрони Украина ва таъмини устувории занҷирҳои ҷаҳонии истеҳсолот ва таъминот мебошад”, - гуфт раҳбари Чин.
Си Ҷинпин вориди Маскав шуд
Си Ҷинпин афзуд, мавқеи Чин дар бораи ҳалли сиёсии буҳрони Украина, ки ахиран нашр шуд, бо дарназардошти нигарониҳои оқилонаи ҳама ҷонибҳо ягонагии дидгоҳҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар бораи рафъи буҳрони Украина то ҳадди имкон инъикос мекунад.
Ин санад омили аз байн бурдани оқибатҳои буҳрон ва мусоидат ба ҳалли сиёсӣ хизмат мекунад.
Вай илова кард, ки масъалаҳои мураккаб ҳалли оддӣ надоранд.
“Мо итминон дорем, ки роҳи оқилонаи раҳоӣ аз буҳрони Украина ва роҳи сулҳи пойдор ва амнияти умумиҷаҳонӣ дар он сурат пайдо мешавад, ки агар ҳама консепсияи амнияти умумӣ, ҳамаҷониба, муштарак ва устуворро ҳидоят намоянд.
Ҳамчунин музокирот ва машваратҳо ба таври баробарҳуқуқ, ва ба таври оқилона ва прагматикӣ бояд идома ёбанд.