Путин: Агар тавофуқи ғалла тамдид нашавад Русия гандумро ба кишварҳои Африқо бепул медиҳад

Раисҷумҳури Русия гуфт, ки дар сурати тамдид нашудани тавофуқи ғаллот Русия ҳаҷми маводи ғизоиро ба кишварҳои Африқо ба таври ройгон равон хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Агар созишномаи ғалла тамдид нашавад, Русия омода аст ба кишварҳои ниёзманди Африқо ҳаҷми пешбинишудаи ғалларо ройгон таъмин кунад, гуфт раисиҷумҳури Русия Владимир Путин.
"Агар мо тасмим гирем, ки ин тавофуқро пас аз 60 рӯз дигар тамдид накунем, мо омодаем тамоми ҳаҷми интиқоли пешбинишудаи ғалларо ба кишварҳои Африқо, ки қаблан Русия равон мекардем ба ин кишварҳо ройгон бидиҳем" гуфт Путин дар конфронси байналмилалии парламентии "Русия — Африқо дар чаҳони бисёркутбӣ".
Ёдовари мекунем, ки чанде пеш эълом кард, ки “тавофуқи ғалот” ба муддати 60 рӯз тамдид шуд.
Тамдиди 60 рӯзаи "тавофуқоти ғаллот" нишонае аз ҳусни нияти Маскав аст, зеро бахши дувуми он марбут ба лағви таҳримҳои содироти маводи ғизоӣ ва кӯдҳои русӣ аст, ҳануз иҷро нашудааст.
Олимони рус барои Тоҷикистон навъҳои махсуси ғалладонаву лубиёгиҳоро таҳия мекунанд
"Шароите, ки ба унвони бахши ҷудоинопазир аз муомила тавофуқ шуда буд, иҷро нашуд. Бинобарин ба таври куллӣ, ҳамонтавре, ки медонед муомила наметавонад рӯй як пой истода бошад, бинобарин ин навъе аз амали ҳусни ният аз сӯйи Русия аст", - гуфт Дмитрий Песков.
Сухангӯи раисҷумҳур ёдрас шуд, ки Кохи Кремлин аз талошҳои шахсии Антониои Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид барои ҳали масаълаи рафъи маҳдудиятҳо қадрдонӣ мекунад.
Айни замон, ҳамонтавре, ки намояндаи раисҷумҳури Русия хотирнишон кард, Гутерриш натавонист девори холии ғарби ҷамъиро бишиканад.
Ин қарордод дар 18 ноябри соли гузашта имзо шуд, аммо шароити он ба маънои тамдиди худкор ба муддати 120 рӯз ( то 18 март ) бидуни эътирози ҳеҷ як аз тарафайн буд.