Путин даъват кард, ки назорати муҳоҷират пурзур карда шавад

Раҳбари Русия қайд кард, ки расмиёти маъмурӣ бояд то ҳадди имкон содда ва рақамӣ карда шаванд, то барои ҳамма фаҳмову дастрас бошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Баланд бардоштани шаффофияти расмиёти маъмурӣ вобаста ба муҳоҷират назорати беҳтарро таъмин намуда, ба амнияти миллии Русия таъсири мусбат мерасонад.
Ин изҳоротро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҷаласаи густурдаи Вазорати корҳои дохилӣ баён кард.
Кишвардори Русия қайд кард, ки ин расмиёти маъмурӣ бояд то ҳадди имкон содда ва рақамӣ карда шаванд, то ба ҳар шахс фаҳмову дастрас бошанд.
"Ман гирифтани шаҳрвандӣ, гирифтани раводид барои иқомат, иҷозатномаи кор ва дигар ҳуҷҷатҳоро дар назар дорам", - гуфт ӯ.
Путин: Агар тавофуқи ғалла тамдид нашавад Русия гандумро ба кишварҳои Африқо бепул медиҳад
Илова бар ин, Путин зарурати "баҳодиҳии ҳамаҷонибаи соҳаи муҳоҷират"-ро эълон кард.
"Баррасӣ намоед, ки дар кадом минтақа ба чигуна мутахассис ва дар кадом бахшҳо ниёз аст. Муайян намоед, онҳо бояд чӣ гуна салоҳият дошта бошанд ва ба сатҳи маълумот ва фарҳанги умумии онҳо чӣ талаботҳо гузошта мешаванд. Дар ин ҷо омилҳои зиёд мавҷуданд ва онҳо, албатта, бояд ба назар гирифта шаванд”, — таъкид кард президент.