ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Дар Душанбе 4-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба куштии миллӣ барои дарёфти "Ҷоми раиси шаҳри Душанбе" ба анҷом расид.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, мусобиқа дар Қасри теннис ва варзиши обии пойтахт баргузор гардид.
Дар ин мусобиқот 130 варзишгар аз 26 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Ҳамин тариқ дар вазни 65 кг Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон) - ҷойи 1, Нико Тчикаидзе — ҷойи 2, Хурсандқул Кӯғанов ва Баҳром Сӯфиев ҷойҳои 3-юмро гирифтанд.
Дар вазни 71 кг бошад, Наврӯзи Каримзод (Тоҷикистон) - ҷойи 1,Абдуллои Ориф - ҷойи 2 ва Муҳаммадраҳим Сарахонов бо Муҳиддин Асадуллоев ҷойҳои 3-юмро соҳиб шуданд..
Дар вазни 78 кг бошад, тилоро Асланбек Тоҷиев (Ӯзбекистон), Масъуд Қавибозу (Эрон) дар вазни 86 кг, Муҳаммадкарим Ҳурамов (Ӯзбекистон) дар вазни беш аз 86 кг гирифтанд.
Ба ғолибон ба ҷуз медалҳо мукофотҳои пулӣ супурда шуданд. Ҳамин тариқ, барои ҷойи аввал 10 ҳазор доллар, барои ҷои дуюм 7 ҳазор доллар ва барои ҷои сеюм 3 ҳазор доллар пешбинӣ шуда буд.
🔸 таджикский борец Мулораджаб Халифаев (в весе 65 кг); 🔸 таджикистанец Навруз Каримзод (71 кг); 🔸 узбекистанец Аслонбек Тоджиев (78 кг); 🔸 иранец Масъуд Кавибозу (86 кг); 🔸 узбекистанец Мухаммадкарим Хуррамов (свыше 86 кг).