ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар вилояти Суғд ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи аспдавонӣ ва бузкашӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.
Баргузории чорабиниҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шудааст.
Рӯзи 22 март дар ипподроми Ҷамъияти саҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаев бозиҳои миллии аспдавонӣ ва бузкашӣ баргузор мешаванд.
Манбаъ афзуд, ки бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, афзоиши шумори дӯстдорони табиат ва рушди асппарварӣ аз ҷониби мақомот анъанавӣ мусобиқаҳои мардумӣ ташкил карда мешаванд.
Гуфта мешавад, имсол мусобиқаи аспдавонӣ ва бузкашӣ бори 25-ум баргузор мешавад.
"Чунин мусобиқаҳо ҳамчун анъанаи деринаи кишвар ба густариши намудҳои миллии варзиш дар байни сокинон, бахусус ҷавонон мусоидат мекунанд", - қайд кард хадамоти матбуотӣ.
Бузкашӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ маъмул буда, ҳамчун намуди алоҳидаи варзиш эътироф шудаст.
Дар Тоҷикистон ин навъи бозиро намуди миллӣ медонанд, ки баргузории он ҳазорҳо нафар тамошобин ва човандозро аз навоҳии гуногун ҷамъ меорад.