Кишти гиёҳи банг дар Афғонистон мамнуъ шуд

Идораи ҳукумати толибҳо эълом кард, ки бар асоси фармони мулло Ҳибатуллоҳ Охундзода, раиси ин гурӯҳ кишти банг дар Афғонистон мамнӯъ шуда аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар фармон Ҳибатуллоҳ Охундзода омадааст, ки кишти бутаи банг дар тамоми кишвар ба гунаи мутлақ мамнуъ аст ва пас аз ин ҳеҷ касе наметавонад дар замини худ банг бикорад.
Муҷозоти мушаххаси ғайр аз тахриби киштзор “банг” дар фармони толибҳо зикр нашудааст.
Давлати пешини Афғонистон низ кишту масрафи маводи мухаддирро ғайриқонунӣ эълом карда буд аммо дар “садҳо ҳазор гектор” замин амалан кишт мешуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул аз афзоиши 32 дарсадии кишти хашхош дар Афғонистон дар миқёси соли 2021 хабар дода буд.
Путин: Қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш меёбад
СММ хабар дода буд, ки мушкили бузурги маводи мухаддир дар Афғонистон ҳамчунон ҳал нашуда монда ва ин кишвар тавлидкунанда 85 дарсади тарёк дар ҷаҳонаст.
СММ ҳамчунин бо ишора ба дидори Роза Атанбаева, намояндаи вижаи дабири кулли СММ бо Абдулҳақ Охунд, масъули мубориза бо маводи мухаддир дар вазорати дохилаи давлати муваққати толибон, мамнӯъияти маводи мухаддир, дармони муътодон, таваққуфи тавлиди тирёк, огоҳии бахше дар мавриди зиёни маводи мухаддир ва ёфтан машоғиле ба ҷои тавлиду фурӯши маводи мухаддирро меҳвари аслӣ ин гуфтугӯ эълом кард.
Толибҳо апрели соли 2022 кишти хашхошу тавлиди соири маводи мухаддирро мамнӯъ эълом кард. Аммо дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими СММ (UNODC) дар охирин гузориши худ аз афзоиши кишти хашхош дар соли 2022 дар Афғонистон ва афзоиши се баробарии қимати тирёки пас аз мамнӯъияти кишти хашхош дар Афғонистон хабар дод.