ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ҳавои наврӯзӣ дар Тоҷикистон ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имсол гарму бебориш дар назар аст, хабар медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, аз 21 то 23 март дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, то 25 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Вале дар ВМКБ, аз ҷумла дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят аз 3 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона 12 -17 дараҷа сард ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад..
Ин ниҳод мегӯяд, дар се рӯзи иди Наврӯз дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои бебориш шуда,рӯзона дар минтақаҳои мазкур аз 13 то 26 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Аммо, рӯзҳои 19-20 ва 24-25 март дар ин вилоятҳо борон ба амал омада, ҳарорат то 18 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавосанҷон мегӯянд, бо назардошти баландшавии ҳарорат дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
“19-20 март бо сабаби ба амал омадани бориш дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад”, - омадааст дар хабарнома.