ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ширкати S7 Airlines парвозҳоро дар масири Новосибирск - Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) аз сар мегирад. Дар ин бора портали aviacenter.ru хабар додааст.
Ҳамин тариқ, аз 19 март ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро ҳафтае ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва якшанбе оғоз мекунад.
Хатсайри S7-5559 аз Новосибирск ба Бохтар мувофиқи ҷадвали 08:45 (вақти маҳаллӣ) парвоз мекунад. Аз самти баргашт S7-5560 соати 11:15 (вақти маҳаллӣ) парвоз хоҳад кард.
Аз 30 март ҷадвали парвоз тағйир меёбад. Парвози S7-5559 рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе соати 03:20 парвоз мекунад, парвози бозгашт аз Бохтар ба шаҳри Русия соати 05:50 ба нақша гирифта шудааст.
Чиптаҳо аллакай ба фурӯш гузошта шудаанд. Барои парвозҳо мусофирон бо ҳавопаймоҳои бароҳати Boeing 737-800 таъмин карда мешаванд.
Қаблан маълум шуд, ки Nordwind Airlines аз 30 апрел парвозҳоро аз Оренбург ба Душанбе оғоз мекунад.