Қодиров барои пайдо кардани сарбози украинӣ, ки Қуръонро сӯзонд мукофотпулӣ эълон кард

Роҳбари ҷумҳурии Чеченистон бовар дорад, новобаста аз он ки ин сарбоз дар куҷо пинҳон шудааст, ӯ бешак барои кори худ ҷазо мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров роҳбари Чеченистон сарбози украиниро меҷӯяд, ки бо нашри як навор сафҳаи китоби Қуръонро оташ зад.
Ӯ барои пайдо кардани ин сарбоз ҳатто мукофотпулии калон пешниҳод намудааст.

"Барои рафъи ин ифлос 5 млн рубл мукофот эълон мекунам. Барои зинда дастгир кардани ӯ мукофот ду баробар зиёд - 10 млн рубл медиҳам", - навиштааст Қодиров дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ.

Қаблан Қодиров дар сафҳаи худ навори оташ задани сафҳаи Қуръон аз сӯи сарбози украиниро нашр кард.
Ӯ гуфт, барои ӯ муҳим нест, ки ин корро кӣ анҷом медиҳад.
"Шояд як кас ва ё як гурӯҳ, муҳим ин ки мукофот ба пуррагӣ ҳар лаҳза соҳибашро интизор мешавад. Туи тарсончак, ки рӯятро пинҳон кардӣ, бидон кӣ дар ҳар куҷое ки пинҳон нашавӣ, ҷазоятро ҳатман мегирӣ", - таъкид намуд Қодиров.
Қаблан, сӯзондани Қуръон аз ҷониби як сиёсатмадори ростгаро зимни ҳамоиш дар пеши сафорати Туркия дар Шветсия вокунишҳои тундро дар нуқоти гуногуни ҷаҳон ба вуҷуд овард.
Русия аз Аврупо хост ифротгароёнеро, ки Қуръонро сӯзонданд ҷазо диҳад
Дар Анқара дар посух ба сӯзондани Қуръон парчами Шветсияро оташ заданд. Сокинони Туркия ин кирдорро зиддиисломӣ хонданд.
Ҳамчунин, Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия аз вакилони порлумони Аврупо даъват мекунад, ки масъулони таҳқири ёдгориҳои динӣ, ба мисли сӯзондани Қуръон дар Шветсияро ошкоро маҳкум ва муҷозот кунанд.