ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Барои пешгирии бӯҳрони молиявӣ кишварҳои ҷаҳон бояд ба долларзудоӣ шурӯъ кунанд.
Ин андешаро дар пасманзари рӯйдодҳои ташвишовар дар низоми бонкии ИМА Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ дар канали Telegram-и худ изҳор дошт.
"Вашингтон, ҳалли мушкилот бо роҳи маъруф - бо чопи долларҳо - таваррум дар тӯли 40 соли охирро ба вуҷуд овард. Мубориза бо он, қурби калидиро ба ҳадде боло бурд, ки боиси нотавонӣ дар хидматрасонии қарзҳо шуд. Дар натиҷа, бузургтарин нокомии бонкҳо аз соли 2008 оғоз ёфт", - гуфт ӯ.
Володин таъкид кард, ки буҳрони пайдошуда пеш аз ҳама ба онҳое таъсир хоҳад расонд, ки "танҳо ба он" тамаркуз мекунанд.
Дар ин замина раиси Думаи давлатӣ аз кишварҳо даъват кард, дар масоили иқтисодӣ аз доллар даст кашанд, то аз паёмадҳои харобиовар ҷилавгирӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10 март Silicon Valley Bank аз ҷониби мақомоти аёлати Калифорния баста шуд. Ин бузургтарин нокомии бонк дар 15 соли баъди бӯҳрони соли 2008 гардид.
Дар ин замина ноустуворӣ дар бозори нафт афзоиш ёфт, доллар ба поин рафтан гирифт.
Ҳамчунин, 4 бонки бузургтарини ИМА аз рӯи дороиҳо - JPMorgan Chase, Bank of America, Citigroup ва Wells Fargo - дар як рӯз 52,4 миллиард доллар коҳиш ёфт.
Пас аз ду рӯз, "бо сабаби хатарҳои системавӣ", мақомоти ИМА Signature Bank Ню-Йоркро бастанд, ки боиси коҳиши нархномаҳо дар байни бонкҳои калон гардид.