ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Аз аввали соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 6,8 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст. Дар ин бора Оҷонсии омори кишвар хабар додааст.
Бино ба додаҳо, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 32% ё 1,6 миллион доллар бештар будааст.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии омор тавзеҳ дод, ки дар моҳи феврал ҳаҷми содирот 2,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи январ, ки содирот ба 4,3 миллион доллар расид, 42% камтар будааст.
Ба иттилои "Барқи тоҷик", ҷумҳурӣ дар бораи интиқоли барқ ба Афғонистон тамоми сол шартнома ва ҳамчунин бо Узбекистон барои давраи баҳору тобистон созишнома дорад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 феврал Холдинги давлатии энержӣ аз ҷорӣ шудани лимити нерӯи барқ ба далели камбуди манобеъи об ва энержӣ хабар дода буд.
Аммо махдудиятҳо ба шаҳрҳои нисбатан калони ҷумҳурӣ таъсир нарасонданд.
Ҳамакнун маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ бо вуҷуди мавҷуд набудани изҳороти расмӣ қисман лағв шудааст.
Ҳамин тавр, дар шабакаҳои минтақавии Хатлону Суғд, дар Бохтару Хуҷанд маҳдудияти дарёфти рушноӣ вуҷуд надорад.