ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Тибқи натоиҷи ду моҳи соли 2023 қисми даромади будҷаи давлатии Тоҷикистон барзиёд иҷро шуд.
Дар ин бора Вазорати молияи кишвар хабар додааст.
Вазорат тавзеҳ додааст, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-феврали соли равон 6,4 млрд сомониро (553,7 млн доллар) ташкил додааст, ки нисбат ба нақшаи ба нақшагирифташуда 5,8 дарсад бештар аст.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ ба маблағи 3,2 млрд сомонӣ ташкил додааст, ки 100,7% нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Хамин тавр, кисми даромади буҷети давлатӣ 0,7% барзиёд иҷро гардид.
Дар ҳамин ҳол, бахши хароҷоти буҷети давлатӣ дар моҳи январ беш аз 1,9 млрд сомониро ташкил дод. Фоизи иҷрои қисми хароҷоти буҷети давлатӣ24,5%-ро ташкил дод.
Зимнан, ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи манобеъи маблағгузорӣ 37,1 млрд сомонӣ муқаррар шудааст.