Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Politico: дар Ғарб ва Украина аз вазъи Артемивск дар ҳайратанд

Мақомоти Украинаву Ғарб аз талоши артиши Украина барои нигоҳ доштани шаҳр ба ҳар қимат, ҳатто дар зери таҳдиди муҳосира шудан дар ҳайрат монданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ба мақсад мувофиқ будани тасмими Киев дар бораи нигоҳ доштани Артёмовск на танҳо дар Ғарб, балки дар Украина низ зери суол меравад.
Ба навиштаи Politico, шумори талафоти сарбозони украинӣ рӯз аз рӯз афзоиш ёфта, камбуди снарядҳо шадидтар мешавад.
"Шубҳаҳо дар бораи ҳикмати нигоҳ доштани шаҳри харобшудаи ҷабҳаи Бахмут афзоиш меёбанд ... аммо Владимир Зеленский таслим намешавад ва исрор мекунад, ки фармондеҳии олии ӯ якдилона зарурати идомаи дифои заифкунандаро, ки чанд муддат давом мекунад, тасдиқ мекунад", - менависад муаллифи нашрия.
Дар матлаб таъкид мешавад, ки нигаронӣ қаблан аз мавқеъи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ин шаҳр дар паси дарҳо баён шуда буд ва ҳоло он "пошида мешавад".
Қаблан Politico бо такя ба манобеъи огоҳи амрикоӣ хабар дод, ки беш аз 100 000 сарбози украинӣ дар ҷараёни даргириҳо дар Украина, аз ҷумла сарбозони ботаҷриба кушта шудаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати мудофиаи Русия аз пешравиҳо дар самти Купянск гуфт
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.