Нахустин Нарврӯзи сафири Русия дар Тоҷикистон: Григорев аз эҳсосоташро гуфт

Сафири Русия дар чорабинии бахшида ба ин ҷашни бостонӣ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон яке аз меҳмонони фахрӣ шуд.
Sputnik
Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабиниҳои идона баргузор гардид.
Сафирони Русия ва Белорус Семён Григорев ва Виктор Денисенко, инчунин сардори намояндагии Россотрудничество дар ҷумҳурӣ Иван Иванов ба сифати меҳмонони фахрй аз донишгох дидан карданд.
Ба онҳо либоси суннатӣ тақдим карда шуда ба онҳо таомҳои миллӣ, аз ҷумла хӯроки асосии Наврӯз – суманак пешниҳод карда шуданд.
Дар Маскав аз афзоиши рекордии шумори сокиноне, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, гуфтанд
"Ин нахустин Наврӯзи ман дар Тоҷикистон аст. Ин ҷашн яке аз суннатҳои қадимист. Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳо ва манотиқи дигари Русия низ таҷлил мешавад. Ин ҷашн аз омадани баҳор, умед ба оянда ва беҳтаринҳо шаҳодат медиҳад, - гуфт Григорьев.
Қобили зикр аст, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд 8 рӯз пайҳам – аз 19 то 26 март истироҳат кунанд. Дар баробари ин рӯзи шанбе 18 март корӣ аст.