ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов барои тамрини дуҳафтаина ба арабистони Саудӣ сафар карданд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода, афзуд, футболбозони тоҷик тариқи транзит тавассути Дубай ба шаҳри Даммам сафар карданд.
Манбаъ меафзояд, тамрини мунтахаби наврасон то 30 март идома мекунад.
“Раҳматулло Фузайлов 27 бозигар: се дарвозабон, шаш ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 5 ҳалагарро ба Арабистони Саудӣ бурд”, - омадааст дар хабари ФФТ.
Гуфта мешавад, футболбозони тоҷик дар Даммам чор бозӣ анҷом медиҳанд.
Ин тамрини наврасони тоҷик ҳамчун як марҳилаи омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё – 2023 мебошад, ки аз 15 то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, дастаи наврасони Тоҷикистон барандаи медали биринҷии мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2023" дар Минск гардида буданд.
мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бидуни бохт "Ҷоми рушд-2023"-ро ҷамъбаст кард. Шогирдони Раҳматулло Фузайлов дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо тимҳои миллии Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ карда, бар дастаи Эрон (3:1) пирӯз шуданд.