ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон имсол ҳадди нисоби закот (садақаи воҷиб)-ро ба маблағи 32300 ҳазор сомонӣ таъйин кардааст.
Тибқӣ қарори ин ниҳод, аз ин маблағ мусалмонон 800 сомониро ҳамчун закот, ки яке аз фарзҳои ислом аст, бояд садақа диҳанд.
Дар ин бора сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Афшини Муқим ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, фитри рӯза 7 сомонӣ чун соли қабл бидуни тағйир мондааст.
Маблағи фидяи савм – пардохти рӯзадории моҳи шарифи Рамазон барои онҳое, ки узри динӣ доранд (Шайх Фонӣ), инчунин беморони дармонда, барои 30 рӯз 420 сомонӣ муқаррар шудааст.
Фидяи савмро афроде месупоранд, ки имконияти гирифтани рӯзаро надоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон санаи дақиқи оғози моҳи шарифро барои кулли мусалмонон муайян карданд, ки дар кишвар 23 март оғоз мешавад.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар мегузоранд.
Бо фарорасии шом дар тӯли ин моҳ ҳамакнун масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, бояд фидия савм диҳанд.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.