Даҳҳо паноҳҷӯёни афғон, ки дар вилояти Суғд ба сар мебаранд, як ҷо бо сокинони маҳалллӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар қатори сокинони маҳаллӣ даҳҳо паноҳҷӯи афғон ҳамроҳи пайвандони худ барои чорабинии наврӯзӣ ба ин ҷо омада буданд.
Наврӯзи паноҳҷӯёни афғон дар Суғд, бо шинонидани ниҳол, ки аз суннатҳои ин ҷашни бостонӣ маҳсуб мешавад дар саҳну атрофи қасри фарҳанги ин ноҳия оғоз шуда, бо баргузории чорабинии фарҳангӣ ва пухтани оши палов - таъоми миллӣ халқҳои форсу тоҷик идома кард.
Ин дар ҳолест, ки аксар паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон муваққатан зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта садҳо нафари онҳо ба Канада рафтаанд.
Дар ду ҷамоати ноҳияи Ҷаббор Расулов, бештар аз чиҳил оила ва дусад паноҳҷӯйи афғонистонӣ зиндагӣ мекунанд ва фарзандонашон дар мактаб таҳсил доранд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, барои будубоши онҳо шароити заруриро фароҳам сохтаанд.