ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар Душанбе ба ифтихори ҷашни Наврӯз бузургтарин мусобиқаи куштии миллӣ доир мешавад.
Ин мусобиқа мақоми байналмилалӣ дошта, дар паҳлавонон аз 25 кишвари ҷаҳон метавонанд ширкат кунанд.
Сабқати байналмилалӣ 19 март, соати 11:00 дар "Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ"-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ин 4-умин сабқати байналмилалии куштӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе мебошад.
Ғолибонро дар мусобиқа маблағҳои калони пулӣ, аз ҷумла барои ҷойи якум 10 000$, ҷойи дуюм 7 000$ ва ҷойҳои сеюм 3 000$ муқаррар гардидааст, хабар медиҳад, АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавад, ки дар мусобиқа варзишгарон аз рӯи 5 вазн, аз ҷумла 65 кг, 71 кг, 78 кг, 86 кг ва +86 кг рақобат менамоянд.
Тоҷикистонро бошад дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 30 паҳлавон муаррифӣ менамояд.