ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Марат Касем, сардабири Sputnik Литва, рӯзи 14 март 33-сола мешавад. Ӯ ин зодрӯзро дар маҳбаси марказии шаҳри Рига, ки беш аз 3 моҳ боз дар он ҷо зиндон шудааст, таҷлил мекунад.
Тибқи иттилои ахири ҳамкасбонаш, рӯзноманигор дастикам то моҳи май дар боздоштгоҳ қарор хоҳад дошт.
Касем шаҳрванди Латвия аст, ки чанд сол дар Маскав кору зиндагӣ мекард ва дар гурӯҳи расонаҳои “Россия сегодня”, ки ба он Sputnik Литва низ шомил аст, фаъолият мекард.
Дар арафаи Соли нав, 31 декабри соли 2022, ӯ бо сабабҳои оилавӣ ба шаҳри Рига сафар кард. Тавре баъдан маълум шуд, рӯзноманигор ба аёдати модарбузурги бемор, ки баъдан даргузашт, рафта буд.
Аллакай рӯзи 3 январ Касем бо гумони нақзи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо боздошт шуда буд ва рӯзи 5 январ додгоҳи шаҳри Рига ӯро ба зиндони марказии Рига равона кард.
Дар миёнаҳои моҳи январ додгоҳи пойтахт сардабири Sputnik Литваро ба ҳабс гирифт ва аз пешниҳоди шикоят худдорӣ кард.
Ҳангоми дар ҳабс буданаш, Касем аз бад шудани вазъи саломатӣ ва авҷ гирифтани бемориаш пас аз дар ҳабси якканишин қарор гирифтанаш хабар дод. Дар баробари ин, зиндонбонони Латвия ёрии тиббиро ба таъхир меандохтанд ва ё умуман доруҳои заруриро ба ӯ надодаанд.
Вазорати умури хориҷаи Русия ин боздоштро "террори ғайриинсонӣ ва нафратангези режими Латвия алайҳи ҳар гуна дигарандешӣ" номид ва талаб кард, ки хабарнигор фавран аз зиндон озод карда шавад.
Омбудсмени Русия Татяна Москалкова боздошти сардабири Sputnik Литваро ҳамла ба озодии баён номид ва ба комиссариати олии ҳуқуқи башари СММ муроҷиат кард.
Дмитрий Киселёв, мудири куллӣ гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" дар бораи боздошти Касем изҳор доштааст, ки ин гурӯҳи расонаӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват хоҳад кард, ки вокуниш нишон диҳад ва "барои озод кардани Касем" ҳама корҳоро анҷом диҳад.
Киселев худи боздоштро ғайриқонунӣ номид ва ба гуфтаи ӯ, боздошт дар шароити “беқонунии аврупоӣ сурат мегирад, ки шахсро барои машғул шудан ба фаъолияти касбии журналистӣ, барои андеша, барои мавқеъ, барои маълумоте, ки вай баён мекунад боздошт кардан мумкин аст”.