ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ҳукумат мутааҳҳид аст бо тавваҷуҳ ба тавоноии истеъдоду садоқати шахсиятҳои афғон онҳоро дар бахшҳое аз ҳукумат ба кор гирад, зеро садҳо ҳазор корманди низоми қаблӣ акнун дар ҳукумат фаъол ҳастанд ва маошашонро мегиранд, гуфт сухангӯии камиссиюни тамос бо шахсиятҳои афғон Аҳмадуллоҳи Васиқ.
Вай афзуд, то кунун 513 шахсияти афғон шомили вазирон, волён ва муовинони онҳо аз тариқи камиссиюни тамос бо шахсиятҳои афғон ба кишвари худ бозгаштаанд.
Комиссиюни тамоси пас аз рӯй кор омадани ҳукумати толибон барои фароҳамсозӣ заминаи баргашти чеҳраҳои сиёсӣ ва Низомии Афғонистон, ки кишварро тарк кардаанд эҷод шудааст .
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Форуқ Вардак, вазири маориф ва вазорати давлат дар умури парлумонии ҳукумати пешин ба кишвар бозгашт.
Гуфтанӣ аст, пеш аз ин ҳам генерал Давлат Вазирӣ, сухангӯи пешини Вазорати дифоъ Амонуллоҳ Ғолибӣ, раиси пешини ширкати “Брешно”, Интизор Ходимӣ, узви Шӯрои амнияти миллии ҳукумати пешин Ҳасан Муборак Азизӣ, сарпарасти Вазорати транспорт ва ҳавонавардии ҳукумати пешин ба ин кишвар бозгаштаанд.