ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Тоҷикистон дар Аксияи "Боғи хотира" ширкат мекунад.
Дар ин бора, роҳбари Ҷунбиши умумирусиягии ҷамъиятии "Ихтиёриёни Ғалаба" Олга Занко зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.
"Имсол барои шинондани дарахтҳои хотира дар 89 субекти Русия ва дигар кишварҳо 30 ҳазор ихтиёрӣ ҷалб мешаванд", - гуфт ӯ.
Аксияи "Боғи хотира" дар 35 кишвари хориҷ низ баргузор мешавад. Ин аксияро аз ҷумла дар Исроил, Олмон, Тунис, Панама, Эквадор, Сербистон ва Тоҷикистон, низ роҳандозӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ имсол аксия дар кишварҳои хориҷ, 18 март дар Ҳиндустон оғоз мегардад.
Аксияи "Боғи хотира" - пайвандгари наслҳо буда, дар доираи он барои пос доштани хотири куҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ниҳол шинонда мешавад.