ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва муовини вазири таовун, коро ва рифоҳи иҷтимоӣ ва раиси Созмони омӯзиши техникӣ ва касбии Эрон Ғуломҳусейн Ҳусейниниё сурат гирифт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазортаи меҳнат, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Эрон ва тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
“Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор, омӯзиши касбӣ ва техникӣ табодули назар намуданд”,- иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон зимни мулоқот ҷонибҳо бори дигар тасдиқ намуданд, ки имкониятҳо барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобила зиёданд ва мақомоти марбутаи ду давлатро зарур аст, ки корҳои нақшавиро бо мақсади боз ҳам тавсеа додани робитаҳо ва расидан ба марҳилаҳои нави ҳамкорӣ амалӣ намоянд.
Инчунин ҷонибҳо таъкид доштанд, ки ба омӯзиши касбҳои техникӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба рақобатпазирии қувваи корӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори меҳнати хориҷи кишвар мусоидат менамояд, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин самт ба мақсад мувофиқ аст.
Ёдовари мешавем, ки гурӯҳи кории Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон таҳти роҳбарии муовини вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ ва раиси Созмони омӯзиши техникӣ ва касбии Эрон Ғуломҳусейн Ҳусейниниё бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст ва тибқи барнома сафар то 16 март идома хоҳад ёфт.
Ҳайати Эрон ҳамчунин аз якчанд марказҳои таълимиву литсейҳои омӯзишӣ ва маконҳои таърихӣ боздид хоҳад кард.