ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ҳоло Иёлоти Муттаҳида раҳбарияти Олмонро маҷбур мекунад, ки бо фарзиия тахрибкорӣ дар "Маҷрои Шимол", ки барои Вашингтон судманд аст, бипазиранд, гуфт Николай Патрушев ба хабаргузории "АиФ".
"Олмон, ки солҳои тӯлонӣ талош дорад, иқтисоди худро дар заминаи маҷмӯи захираҳои арзони энержии Русия ва фанновариҳои пешрафтаи олмонӣ бунёд кунад, бештар аз ҳар каси дигар дарк мекунад, ки ҳамлаи террористӣ ба лӯла ҳатман иқтисоди Олмонро ба уфт мебарад", — гуфт Патрушев.
Дар баробари ин Берлин ба хубӣ медонад, ки ҳамкории зичи иқтисодии Германия ва Русия ҳеч гоҳ ба Вашингтон ва Лондон мувофиқ набуд, қайд намуд ӯ.
"Дар баробари ин кайҳо маълум аст, ки давлати муосири Олмон мустақил нест. Вашингтон сиёсати иқтисодӣ ва экологии худро бар сари Берлин таҳмил мекунад, дар ин кишвар пойгоҳи низомии иборат аз 35 ҳазор нафарро нигоҳ медорад", - гуфт Патрушев.
Ба таъкиди дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Кохи сафед солҳои тӯлонӣ Ангела Меркелро таҳти назорат дошт ва имрӯз раҳбарияти Олмонро маҷбур мекунад, ки бо фарзияи тахрибкорӣ дар лӯла, ки барои мақомоти ИМА судманд аст, бовар кунад.
Шояд барои ин бошад, ки Шолсро барои мулоқоти таъҷилӣ бо Байден ба Вашингтон хостанд.
Ҳамин тавр ва бо ин кор Иёлоти Муттаҳида ба таҳқири Олмон идома дода, ба ӯ ҷояшро нишон медиҳад, хулоса кард котиби Шӯрои амнияти Русия.