Модари Лоиқ Раҷабов ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи таассуроташ аз ғалабаи писраш дар мусобиқоти UFC 285 гуфт.
“Ман фахр мекунам, ки писари ман Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Ӯ ифтихори мост. Бо дуоҳои мо писари ман тавонист парчами Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалӣ боло бардорад. Фахр мекунам!”, - гуфт модари размикори тоҷик.
Ёдовар мешавем, ки Дувумин зодаи Тоҷикистон дар машҳуртарин созмони ММА-и Амрико бо пирӯзӣ ба Ватан баргашт ва аз ҷониби мухлисон ва наздиконаш гарм истиқбол шуд.
Мухлисон ва наздикони варзишгар ӯро мисли қаҳрамони ҳақиқӣ истиқбол гирифтанд: шавқовар ва бо мусиқӣ.
Лоиқ Раҷабов рӯзи 5-уми март дар Иёлоти Муттаҳида ба нахустин қувваозмоӣ дар UFC бар зидди зодаи Аргентина Эстебан Рибович, ки мағлубнашуда буд, вориди рақобат шуд.
Мубориза ҳар 3 даври пешбинишуда идома кард ва бо қарори якдилонаи доварон бо пирӯзии паҳлавони тоҷик анҷом ёфт.
Ҳоло омори касбии Раҷабов дар муҳорибаҳои омехта чунин аст: 17 ғалаба, 4 бохт ва 1 мусовӣ.