Варзишкори муҳорибаҳои омехтаи тоҷик Лоиқ Раҷабов пас аз нахустин набарди муваффақ дар мусобиқаи UFC 285 дар Лас Вегас ба Ватан баргашт.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки дар ин чорабинӣ ширкат дошт, гуфт, мухлисон ва наздикони варзишгар ӯро мисли қаҳрамони ҳақиқӣ истиқбол гирифтанд: шавқовар ва бо мусиқӣ.
Ёдовар мешавем, ки Лоиқ Раҷабов рӯзи 5-уми март дар Иёлоти Муттаҳида ба нахустин қувваозмоӣ дар UFC бар зидди зодаи Аргентина Эстебан Рибович, ки мағлубнашуда буд, вориди рақобат шуд.
Мубориза ҳар 3 даври пешбинишуда идома кард ва бо қарори якдилонаи доварон бо пирӯзии паҳлавони тоҷик анҷом ёфт.
Ҳоло омори касбии Раҷабов дар муҳорибаҳои омехта чунин аст: 17 ғалаба, 4 бохт ва 1 мусовӣ.