Театри лӯхтаки Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кард

Театр бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ба сокинони навраси Ӯзбекистон намоишномаи "Маликаи нозанин"-ро намоиш медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Гурӯҳи эҷодии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба кишвари Ӯзбекистон сафари ҷавобӣ анҷом медиҳад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳунармандони театри лӯхтаки Тоҷикистон то 20 март чанд намоишнома намоиш медиҳанд. Чорабиниҳо ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар ҳарду кишвар таҷлил мешавад, сурат мегиранд.
Барои тамошобинони хурдсол намоишномаи "Маликаи нозанин" тайёр карда шудааст. Муаллифи ин намоишнома Ҳотам Салимов буда, коргардони онҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Зафар Ҷаводов мебошад.
Ҳама намоишҳо ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ баргузор мешаванд.
Дар Душанбе нахустин ҳамоиши ректорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад
Гуфта мешавад, ки сафар бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҳарду кишвар сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2022 ҳунармандони Театри вилоятии лӯхтаки Бухоро ба пойтахти Тоҷикистон сафар карда буданд. Онхо ба тамошобинон намоишномаи "Табиби дуруғгуро"-ро пешкаш карда буданд.