Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Муаррихи фаронсавӣ, ки фурӯпошии ИҶШС-ро пешгӯӣ карда буд, ҳадафи навбатии Путинро гуфт

Ба боварии муаррихи фаронсавӣ ҳадафи навбатии раисиҷумҳури Федератсияи Русия ин заиф гардондани НАТО мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ғарб низоъ дар Украинаро барангехтааст, аммо қудрати Русияро нодида гирифт ва ҳоло НАТО дар хатари бузург қарор дорад, гуфт таърихшиноси фаронсавӣ Эммануэл Тодд дар канали YouTube-и рӯзномаи Le Figaro.

"Русия имкони хубе дорад, ки аз ин вазъ ҳамчун ғолиб барояд <…> Ҳоло русҳо ҳама корро мекунанд, то НАТО-ро боздоранд, аммо мардум дар Ғарб миқёси тамоми мушкилотро намебинанд", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи коршинос, Вашингтон Маскавро водор кард, ки ба андешидани чораҳои пешгирикунанда замоне шурӯъ кунад, ки онҳо украииҳоро дар намунаи артишҳои Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ мусаллаҳ кард.
Илова бар ин, дар Амрико умедвор буданд, ки иқтисоди Русияро бо кумаки таҳримҳо хароб кунанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Собиқ ҷосуси амрикоӣ замони шикасти Украинаро пешгӯӣ кард
"Аммо ин умеди онҳо амалӣ нашуд ва ҳоло мо мебинем, ки Русия беҳтар аз он ки тасаввур мекардем, муқовимат мекунад", - гуфт Тодд.
Дар баробари ин, дастгоҳи саноатии Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Аврупо дигар иқтидори кофӣ барои идомаи истеҳсоли лавозимоти ҷангӣ барои қувваҳои мусаллаҳи Украинаро надорад, хулоса кард мутахассис.
Эммануэл Тодд антрополог, муаррих, эссеист ва муаллифи китобҳои зиёд аст. Соли 1976 ӯ дар китоби худ фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро пешгӯӣ карда буд.