Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Собиқ ҷосуси амрикоӣ замони шикасти Украинаро пешгӯӣ кард

Ба боварии ӯ, лавозимоти ҷангии Украина дар садади тамомшавӣ қарор доранд. Ӯ гуфт тобистони имсол бинобар куллан тамом шудани лавозимот ин низоъ анҷом меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Украина метавонад тобистони соли 2023 дар низоъ бо Русия ба шикасти ниҳоӣ дучор шавад.
Ин пешгӯиро Скотт Риттер, афсари бознишастаи иктишофии Корпуси баҳрии ИМА кардааст, хабар медиҳад Lenta/
Риттер дар канали YouTube Judge Napolitano - Judging Freedom суханронӣ кард.
"Ғарб ҳарчанд кӯшиш кунад ҳам, аммо дар робита ба камбуди лавозимоти ҷангӣ коре карда наметавонад. Аллакай дар тобистон, лавозимоти ҷангии Украина тамом мешавад ва вақте ки ин ҳодиса рӯй медиҳад, ҳама чиз ба охир мерасад", - бовар дорад афсари собиқи истихборот.
Артиши Русия қисмати шарқии шаҳри Артемовскро таҳти назорати худ гирифт
Вай қайд кард, ки низомиёни Русия ба фарқ аз артиши Украина дар минтақаи Амалиёти вижаи низомӣ аз силоҳҳои муосир истифода мекунанд.
Дар авоили моҳи март Риттер гуфта буд, ки низоъ дар Украина ба марҳалаи ниҳоӣ ворид шудааст, ки дар ҷараёни он артиши Русия ба "ҷудо кардани" сохторҳои логистикии қувваҳои мусаллаҳи Украина шурӯъ мекунад.
Моҳи феврал афсари собиқи истихборот пешниҳод карда буд, ки Киев то октябри соли 2023 таслим мешавад.