Расул Боқиев ифтитоҳи бахши Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар Русияро дастгирӣ кард

Варзишкори маъруфи тоҷик Расул Боқиев ҳоло дар маҷмааи варзишии шахсии худ кор мекунад, ки дар он ба наздикӣ бахши Федератсияи ҷудои Тоҷикистон таъсис хоҳад ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев аз таъсиси бахши Федератсияи ҷудои Тоҷикистон (ФҶТ) дар Маскав пуштибонӣ кард.
Ин пешниҳод дар ҷараёни сафари варзишкори тоҷик ба Душанбе эълом шудааст. Дар ҷараёни сафар Боқиев бо раҳбарияти ФҶТ, аз ҷумла дар заминаи ифтитоҳи бахши ин федератсия дар заминаи маҷмааи варзишии ӯ дар пойтахти Русия гуфтугӯ кардааст.
"Ман аз ин иқдом ҷонибдорӣ мекунам ва ҳамеша хушҳолам, ки ба ҷудочиёни тоҷик кумак мекунам. Ман ҳамеша ба нафъи варзиши Тоҷикистон хидмат хоҳам кард, ҳарчанд дар Маскав кор мекунам. Дар куҷое, ки набошам, ҳамеша бо варзишгарони тоҷик ҳастам", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Расул Боқиев афзуд, ки дар машқгоҳи Федератсия тоҷикон тамрин карда сатҳи техникӣ ва касбиро боло мебаранд.
Илова бар ин, варзишгари тоҷик таассуроти худро дар бораи чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо, ки дар Душанбе ба ҳайси меҳмони фахрӣ дидан кардааст, изҳори назар кард.
"Ҳама чиз дар сатҳи олӣ гузашт, раиси нави Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ва дастааш кори аъло карданд", - гуфт ӯ.
Қаблан Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш гуфта буд, ки барандаи медали Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев бо вуҷуди омодагии мақомот барои фароҳам овардани шароити зарурӣ барои кор аз пешниҳоди бозгашт ба Тоҷикистон худдорӣ кардааст.
Аз таъсиси Академия то тамрин бо усули ҷопонӣ: иқдом барои рушди ҷудо дар Тоҷикистон
Худи варзишкор дар ин бора чизе нагуфт, аммо як манбаи наздикаш ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барандаи медали бозиҳои Олимпӣ соли 2008 ҳеҷ гоҳ аз пуштибонии ҷудочиёни тоҷик даст накашидааст.
"Вай хеле хушҳол аст, ки ҳоло дар роҳбарии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон як шахси эҷодкор ва босалоҳият қарор дорад, ки ҳама чизро ба сӯйи беҳтар тағйир медиҳад. Расул Боқиев ҳар чизе, ки аз дасташ меояд, кумак мекунад. Аз ҷумла, ба зудӣ мизбонӣ хоҳад кард. Як дастаи Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии худ ва мубодилаи таҷриба”, - таъкид кард ҳамсуҳбат.
Бояд гуфт, ки Расул Боқиев қаблан дар мактаби варзишии "Самбо-80" ба ҳайси мураббӣ кор карда, ҷудочиёни тоҷикро низ дар он ҷо тарбия мекард.