Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро табрик кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон раҳбари Чинро ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба вазифаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин самимона табрик кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Чин Си Ҷинпин барқияи шодбошӣ ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба вазифаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ирсол намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Кишвардори Тоҷикистон раҳбари Чинро дар барқияи шодбошиаш самимона табрик карда, қайд кардааст, ки интихоб гардидани ӯ ба ин маснади олии давлатӣ боз як нишонаи эътирофи обрӯву эҳтироми баланди Си Ҷинпин дар ҷомеаи Чин, ҳамчунин дастгирии якдилонаи роҳи сиёсии ӯ дар кишвар мебошад.
“Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин — ҳамсояи наздик ва шарики боэътимоди мо дар арсаи байналмилалӣ – таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар шоҳроҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворона пеш рафта, нуфузу мавқеи байналмилалии худро бомаром таҳким мебахшад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Си Ҷинпин бори сеюм ба мақоми раҳбарии Чин интихоб шуд
Кишвардори Тоҷикистон аз ҷараёни густаришу тавсеаи бемайлони шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин, ки бар анъанаҳои қавии дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимоду эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории созандаи барои ҷонибҳо судманд асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ кардааст.
“Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи худ бо кишвари Шумо мебошад ва идомаи муколамаи фаъоли байнидавлатии ду кишварро омили калидии пешбурди муваффақонаи ин раванд медонад”,- афзудааст раҳбари Тоҷикистон.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки Тоҷикистону Чин бо саъю талошҳои муштарак, бахусус дар чорчӯби мулоқоту музокироти сатҳи олии дарпешистода робитаҳои ҳамкории ду кишварро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон бо мазмуну мӯҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳанд кард.
Дар поёни барқия Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои чиниаш сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми Чин сулҳу осоиш, некӯаҳволӣ ва шукуфоии устувор орзу кардааст.