ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон зилзилашиносон заминларзаи навро дар ВМКБ сабт карданд.
Дар ин бора мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар дод.
Заминларза соати 06:36 ба вақти маҳаллӣ сар задааст. Шиддати ҷунбиши замин 4,8 балл дар умқи 100 километр сар зад.
Зикр гардид, ки заминҷунбӣ дар минтақаи Мурғоб, наздикии кӯли Сарез ба вуқӯъ пайваст.
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафоти ҷонӣ хабар надодааст.
Тайи чанд ҳафтаи ахир тақрибан ҳар рӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҷунбиши замин рух медиҳад. Шадидтарини он рӯзи 23 феврал дар наздикии Мурғоб буд ва қувваи он 7.3 баллро ташкил дод.
Руслан Габдуллин, номзади илмҳои геологӣ ва минералогии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов гуфт, заминларзаи моҳи феврал дар Тоҷикистон ба заминларзаҳои Туркия ва Сурия иртибот дорад.