Раҳмон эътимодномаи сафирони даҳ кишварро қабул кард

Сафирон дар баробари супоридани эътимоднома ҳамчунин паёми роҳбарони давлатҳои худро ба кишвардори Тоҷикистон расониданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз даҳ сафири фавқулода эътимоднома қабул кард.
Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар дода изҳор дошт, ки мулоқоти президент бо сафирони хориҷӣ дар Қасри миллат сурат гирифт.
Манбаъ меафзояд, роҳбари давлат эътимодномаи сафирони ҷумҳуриҳои Туркия, Қатар, Молдова, Ирландия, Португалия, Кипр, Чилӣ, Уганда, Зеландияи Нав ва Амрикоро қабул намуд.
Таъйини 12 сафири нав дар Тоҷикистон: Раҳмон эътимодномаҳояшонро қабул кард
Сафирон дар баробари супурдани эътимоднома ҳамчунин паёму дуруди роҳбарони давлатҳои худро ба кишвардори Тоҷикистон расонданд.
"Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардидан ба ин маснад табрик гуфта, иброз дошт, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳа байни давлатҳо хоҳад гардид", - омадааст дар хабар.
Дар идома роҳбари давлат аз муносибатҳои хуби Тоҷикистон бо ҳамаи ин даҳ кишвар зикр намуда, изҳори умед намуд, ки сафирони фавқулодда бо иҷрои рисолати худ барои таҳкиму рушди робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон саҳмгузорӣ мекунанд.
Дар поёни мулоқот бо сафирони хориҷӣ, президент ба онҳо комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид кард.