ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо қарори навбатиаш вакилонро ба Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум даъват кард, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Дар қарори мазкур таъкид шудааст, ки ба рӯзномаи иҷлосияи мазкур масъалаҳои таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба муҷаҳҳаз намудани инфрасохтори партовгоҳҳо, қабули саривақтӣ ва кашонидани партовҳои сахти маишӣ, иҷрои "Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027" ворид карда шуд.
Ҳамзамон дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилон аз ҳавзаи интихоботии рақами 21 ва ҳамзамон таъйин намудани интихобот дар ин ҳавза баррасӣ гардид.
Тибқи қарори дахлдор, барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
зикр гаридд, ки вакилони шаҳри Душанбе бояд бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.