ДУШАНБЕ, 8 мар— Sputnik. Раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ бо дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай Чжан Минг мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст хабаргузории ISNA.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин дидор Иброҳим Раисӣ таъкид кардааст, ки Эрон "ба ҳамкорӣ ва ҳамамалӣ бо кишварҳои СҲШ аҳамияти хос медиҳад".
Раисҷумҳури Эрон афзуд, ки кишварҳои узви ин созмон дорои шумораи зиёди аҳолӣ ва ҳудудҳои васеъ ва инчунин дорои захираҳои ҳангуфти табиӣ ҳастанд, ки ин ба СҲШ имкон медиҳад, дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ нақши назаррас дошта бошад ва ба "муқовимати муассир ба якқутбӣ" муқобилат кунад.
Чжан Минг дар навбати худ изҳори итминон кард, ки Эрон бо назардошти таърихи куҳанаш метавонад узви фаъоли СҲШ шавад.
Қаблан Бахтиёр Ҳакимов, фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Созмони ҳамкориҳои Шанхай гуфта буд, ки созмон "роҳи дарозеро тай кардааст" ва моликияти муштараки он рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва пуштибонӣ аст.
Ба гуфтаи ӯ, маъмулан онро "Рӯҳияи Шанхай" меноманд.