ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз ифтитоҳи парвозҳои мустақими доимӣ дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, аз 9 март парвозҳо аз Душанбе ба Ҷидда ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе анҷом мешаванд.
"Вақти парвоз рӯзҳои панҷшанбе аз Душанбе - соати 14:30, аз Ҷидда - 19:30, рӯзи якшанбе аз Душанбе - 22:30, аз Ҷидда - 04:00 аллакай субҳи душанбе ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Тавзеҳ дода шудааст, ки рӯзи сешанбе ҳавопаймоҳо аз Хуҷанд ба Ҷидда парвоз мекунанд. Вақти парвоз аз Хуҷанд - соати 21:00 ва бозгашта соати 02:00 шаби чоршанбе мушаххас шудааст.
Дар мавриди он, ки парвоз чӣ қадар тӯл хоҳад кашид, тавзеҳ дода шудааст, ки вақти парвоз аз Тоҷикистон 5 соату 15 дақиқа, дар бозгашт 4 соату 30 дақиқа хоҳад буд.
"Сомон Эйр" мегӯяд, ҳамаи парвозҳо бо истифода аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 анҷом дода мешаванд.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар ҳоли ҳозир ягона ширкати фаъоли ватанӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, ки дар масирҳои байналмилалию дохилӣ парвозҳо анҷом медиҳад.
Аз ҷумла ҳавопаймои ширкат аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвоз анҷом медиҳанд. Парки ин ширкат дар ҳоли ҳозир аз 6 ҳавопаймои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.