ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дар сурати қавӣ будани эҳтимол ташкили ҳукӯмати ҷадид байни тарафҳои афғон бо толибҳо, Амрико эҳтимолан хуруҷи неруҳои худро ба таъхир меандохт, гуфт ахиран намояндаи пешини вижаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод.
Вай бо интиқод аз Ашрафи Ғанӣ афзуд, ки ӯ барои эҷоди як ҳукумати ҷадид дар Афғонистони содиқона ҳамкорӣ намекард, ба ин далел, ки бовар надошт Амрико аз Афғонистон хориҷ хоҳад шуд.
Намояндаи собиқи Амрико дар умури Афғонистони ҳукумати Ғаниро дар суқути Кобул муқассир донист ва гуфт, бо касоне ҳамкор будем, ки натавонистанд коре, ки аз онҳо таваққуъ буд анҷом диҳанд.
Халилзод бо изҳори инки фасоди молӣ ва идорӣ ришваситони дар давлати Ғании сар ба фалак кашида буд изофа кард, ин фасоди густарда эътимоди артиш ба давлатро аз байни барда буд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои эътилофи ғарбӣ аз Афғонистон, нерӯҳои толибҳо дар аввал минтақаҳо ва нимаи моҳи августи соли 2021 Кобулро ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ дар кишвар ва хатми ҷанг хабар доданд.
7 сентябри ҳамон сол толибҳо кобинаи муваққатиеро таҳти сарварии Муҳаммад Ҳасани Охунд эълон карданд аммо то ҳол ҳеҷ кишвар ҳукумати толибҳоро эътироф накардааст.