ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Занону бонувони Тоҷикистон бо рафтору гуфтори нек, андешаи солим, нангу номус ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти ҷумҳурӣ саҳми басо арзишманд доранд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи модар, ки 8 март таҷлил мешавад, баён дошт.
Ӯ гуфт, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид.
"Мо хуб дарк мекунем, ки модари озоду солим ва донишманду эҷодгар сарчашмаи хонаи обод, ҷомеаи солим, манбаи рушди илм, омили ташаккули хиради халқи эҷодгар ва кафили сулҳу суботи устувори мамлакат мебошад", - изҳор дошт Раҳмон.
Президент таъкид дошт, ки дин, ҳидоятҳои хирадмандонаи бузургон ва табиати ҳуқуқии давлат дар Тоҷикистон вазифагузорӣ мекунад, ки барои саводнокии духтарону бонувон дар баробари мардон чораҷӯиҳо сурат гиранд.
"Агар мо хоҳем, ки фарзандонамон дар ҳаёти ояндаи худ азияту муҳтоҷӣ накашанд, бояд ба онҳо барои омӯхтани илму дониш, махсусан, илмҳои риёзиву дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ шароит фароҳам созем", - гуфт раисҷумҳур.
Президент инчунин интизориҳояшро аз бонувони кишвар баён дошта, таъкид намуд, ки занону бонувони тоҷик барои пешгирӣ кардани паҳншавии хурофот, андешаҳои ифротӣ ва расму ойинҳои фарҳангии бегона фаъолона саҳм мегузоранд.
Аз роҳи бад, махсусан, ҷинояткорӣ ва пайвастан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ баргардонидани наврасону ҷавонон, пеш аз ҳама, вазифаи модарону занон мебошад, гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон бо зикри душвориҳои ҷиддии таъминоти маҳсулот, аз ҷумла маводи ғизоӣ, модарону бонувонро даъват кард, ки ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва риояи ҳатмии талаботи қонуни танзим эътибор диҳанд.
"Бовар дорам, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ модарону бонувони тоҷик барои ҳифзи забон ва таъриху фарҳанги миллӣ, расму ойинҳо ва либосу анъанаҳои халқамон, ки таҳти фишори омезиши фарҳангӣ қарор гирифтааст, беш аз пеш саъю талош хоҳанд кард", - гуфт президент.
Вай дар ниҳоят таъкид намуд, ки мо вазифадорем модарону бонувонро ҳамчун чароғи хонадон ва нигоҳдорандаи гармии ҳар як хонаву кошона дӯст дорем, ба қадри муҳаббату бедорхобӣ ва заҳмату талошҳои онҳо расем, кӯшиш кунем, ҳамеша саломат, хушбахт ва саодатманд бошанд.