Занони вилояти Хатлон майли ба кор дар муассисаҳои давлатӣ надоранд

Шумораи корҷӯён аз ҳисоби занону бонувон ба корҳои давлатӣ дар вилояти Хатлон кам ба назар мерасад, гуфт ахиран дар ҷаласае роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Орифзода Муҳаммад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дар ҷаласае, ки ахиран дар бинои мақомоти вилояти Хатлон баргузор шуд яке аз масоили муҳим ин баррасии фарогирии занону бонувон ба корҳои хизмати давлатӣ буд.
“Имрӯз шумораи корҷӯён аз ҳисоби занону бонувон ба корҳои давлатӣ кам аст”, - гуфт оқои Орифзода.
Дар ҳамин ҷаласа роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дастуру супоришҳо додааст, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои фаҳмондадиҳи аз ҷониби раисони Ҷамоати шаҳраку деҳот бо шаҳрвандон бештар доир карда шавад.
Даҳҳо ҷойи кор дар дастгоҳҳои навоҳии Хатлон холист
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти вилояти Хатлон хабар дода буд, ки умораи занҳои роҳбар дар вилоят тайи як соли охир 2617 нафар бештар шуда, ҳоло 9833 нафар бонувони фаъол дар мақомҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки 1 миллиону 661 ҳазору 675 нафар ё 49,6 фоизи аҳолии вилоятро занон ташкил медиҳанд.
Ба иттилои мақомоти Хатлон дар вилоят аз 2570 хизматчиёни давлатӣ дар вилоят 463 нафар (18%)-ашон занон мебошанд. Аз ин теъдод 203 нафар (21%) занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ фаъолият доранд.