Залмай Халилзод: Ғанӣ ҳушдорҳои маро нодида гирифт

Собиқ намояндаи вижаи раисҷумҳури ИМА дар умури Афғонистон мегӯяд, ки Ғанӣ ҳушдорҳои вай мабни бар хуруҷи Амрико аз Афғонистонро нодида гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Раҳбарони Афғонистон (Ашраф Ғанӣ ва ҳалқаи наздик ӯ) фикр намекарданд Амрико аз Афғонистон берун мешавад ва ба ҳамин иллат намехостанд бо толбҳо сулҳ кунанд, гуфт намояндаи пешини ИМА дар умури сулҳи Афғонистон Залмай Халилзод.
Оқои Халилзод дар гуфтугӯ бо расонаи “Афғонистон Интернешнал” гуфт, ки чандин бор аз хуруҷи низомиёни Амрико ба Ашраф Ғанӣ ҳушдор дода будам, аммо Ғанӣ фикр мекард Амрико ба иллати мавқеъияти Афғонистон, ки дар канори Эрон, Русия ва Чин аст аз Афғонистон берун намешавад.
Вай таъкид кард, ки ин гуна бардошт комилан иштибоҳ буд ва акнун мардуми Афғонистон товони онро пардохт мекунанд.
СММ: Афғонистон дар 18 моҳи гузашта рукуди иқтисодии шадидро таҷриба кардааст
Хлилзод мегуяд акнун ҳокимияти толбҳо беҳтар аст ва дар Афғонистон ҷанг нест.
Хлилзод дар посух ба ин пурсиш, ки шумо чандини миллион зани Афғонистонро дар гурӯҳи толбҳо қарор додед, мегуяд Афғонистон пеш аз толбҳо низ биҳиште набуда аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои эътилофи ғарбӣ аз Афғонистон, нерӯҳои толибҳо дар аввал минтақаҳо ва нимаи моҳи августи соли 2021 Кобулро ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ дар кишвар ва хатми ҷанг хабар доданд.
7 сентябри ҳамон сол толибҳо кобинаи муваққатиеро таҳти сарварии Муҳаммад Ҳасани Охунд эълон карданд аммо то ҳол ҳеҷ кишвар ҳукумати толибҳоро эътироф накардааст.