ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Абдуқодир Талбаков) рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳсҳои тундаш дар бораи дини Зардушт ва пуштибонияш аз таърихи пеш аз исломи тоҷикон маъруф аст.
“Масъалаи таърихӣ бо хоҳиши худам аз вазифаи директори Китобхонаи Лоҳутӣ рафтанам баъзе душманонамро нигарон карда буд, рафтам, гапи мард якто!”, - нивиштааст Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар саҳифаи худ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар вазифаи мудири Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ ҳафт сол кор кардааст. Дар гузашта мудири шуъбаи фарҳанги ҳукумати Душанбе, мудири телевизиони "Пойтахт" ва раиси Радиои Тоҷикистон буд.
Номбурда афзуд, ҳоло ҳеҷ мансаберо пешниҳод накардаанд ва агар дар бахши идеология ягон вазифаеро пешниҳод кунанд, шояд, ки кор кунад. Ҳоло гуфт, ба кори хоҷагидорӣ машғул мешавад.
Номи ӯ дар чанд ҳафтаи охир, пас аз тасмимаш барои ташкили ҷомеаи зардуштиён дар Тоҷикистон, пурсарусадо шуд.
Баёнияи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тунд дар бораи дини Зардушт ва Исломро ба бор овардааст.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар мусоҳибаи ахиран даъво кард, ки то имрӯз барои андешаҳояш мавриди таҳдиду таҳқир қарор гирифтааст.