ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пайвандҳои зиёде доранд, изҳор дошт намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури СҲШ дар мусоҳиба бо ҷамъи хабарнигорон.
Ба гуфтаи фиристодаи вижаи расиҷумҳури Русия, кишварҳои узви ин ду созмон зидди ҳам намебароянд.
"Яке аз самтҳои асосии фаъолияти СҲШ мубориза бо терроризм аст. Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ хеле муассир фаъолият мекунад ва бо бисёре аз сохторҳои махсусгардонидашуда, аз ҷумла дар низоми СММ ҳамкориҳо дорад. СҲШ бо дигар созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкорӣ мекунад", - гуфт Ҳакимов.
Дар посух ба суол дар бораи мизони ҳамкориҳои СҲШ ва СПАД изҳор дошт, ки миёни ин созмонҳо ҳанӯз соли 2007 ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расида буд, ки бар асоси он равобити доимӣ ба роҳ монда шудааст.
"Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва СҲШ, инчунин ИДМ пайвандҳои зиёде доранд ва раҳбарони мақомоти иҷроияи ин сохторҳо мунтазам мулоқот мекунанд", - илова намуд дипломат.
Ҳакимов таъкид намуд, ки СҲШ зарфияти зиёде дорад, чун дар қаламрави ин созмон қариб нисфи аҳолии кураи Замин иқомат доранд. Ба ҳамин далел ба гуфтаи ӯ, талошҳои зиёде сурат мегиранд, то ба фаъолияти ин созмон халал ворид карда шавад.
Дар зимн таваҷҷуҳи кишварҳои шарик ба фаъолияти ин созмон рӯзафзун арзёбӣ мешавад.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.