Барқияи шодбошии Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Ветнам

Кишвардори Тоҷикистон ба раҳбари тозаинтихоби Ветнам барқияи шодбошӣ ирсол карда ба мардуми Ветнам сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзу намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Во Ван Тхионг барқияи шодбошӣ ирсол кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Дар барқияи худ, кишвардори Тоҷикистон Президенти Ветнамро сидқан табрик намудааст.
“Ба Шумо саломатии бардавом ва дар фаъолиятатон дар ин маснади пурмасъули давлатӣ комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Вйетнам сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям”,- гуфта шудааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон қайд кардааст, ки ду кишварро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, муносибатҳои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд ба ҳам мепайванданд.
Мулоқоти президенти Тоҷикистон бо роҳбари Тотористон: Раҳмон интизориҳояшро гуфт
“Мо ба дурнамои робитаҳои Тоҷикистон ва Вйетнам диди нек дорем ва ҳамеша алоқаманди рушду таҳкими онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем”,- қайд кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Вай изҳори умедворӣ намудааст, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо ҳамкории байнидавлатии миёни ду кишвар минбаъд низ рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки Тоҷикистон омодааст, ҷиҳати истифодаи муассири имкониятҳои дар ин самт мавҷуда тамоми тадбирҳои заруриро андешам ва ба муколамаи созандаи байнидавлатии миёни ду кишвар дар сатҳҳои олӣ ва баланд идома бахшем.